(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Як моҳи варзиш ва саломатӣДар асоси дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд маъракаи «Як моҳи варзиш ва саломатӣ» оғоз гардид. Хадаф аз он рушди соҳаи варзиш, ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни сокинон маҳсуб мешавад.

Рӯзи шанбе, санаи 6-уми апрел аз субҳи барвақт (ҳоло офтоби оламоро набаромада) ҳазорон нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф мавсими оммавии варзишро дар иншоотҳои мухталифи варзишии шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар майдон ва толорҳои варзишӣ, майдонча ва варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинон мусобиқаву машқҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода баЯк моҳи варзиш ва саломатӣ варзишгоҳи «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» омада, иброз дошт, ки ин маъракаи муҳим бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва оммавӣ гардонидани он баргузор мегардад. Зеро, чуноне Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд: «Варзиш омили асосии саломатии миллат аст ва саломатии миллат неъмати бебаҳост».

Барои рушди соҳаи варзиш, илова кард Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, мо дар вилоят имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода ва аҳолиро ҳарчӣ бештар ба варзиш ҷалб намоем. Дар давоми ду соли охир бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла  2 маҷмааи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 31 толориЯк моҳи варзиш ва саломатӣ варзишӣ, 40 майдончаи варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург сохта, ба истифода дода шудаанд. Вазъияти имрӯза аз варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳа ва кулли масъулин талаб менамояд, ки ба масъалаи пешбурди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳамарӯза таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.

Раиси вилоят ҳамзамон сокинонро ба тарғибу таҳкими тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа даъват намуд ва чорабинии имрӯзаро қадами ҷиддие дар татбиқи вазифаҳои гузошташуда арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, дар як вақт чунин чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки ҳазорҳо нафар шаҳрвандон дар варзишгоҳҳои «Спартак», «Лочин», толорҳои хурду бузурги варзишӣ, майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёнаи микроноҳияҳои шаҳр доир гардиданд.

Як моҳи варзиш ва саломатӣБовар дорем, ки иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ҷиҳати эълони «Як моҳи варзиш ва саломатӣ» кулли шаҳрвандон ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, баҳри қабл аз ҳама солимиву сиҳатмандии худ ва аҳли оила саҳмгузор мегарданд. Зеро, саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст ва машғул шудан бо варзиш асоси саломативу бардамии инсон мебошад.

Маъракаи «Як моҳи варзиш ва саломатӣ» дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.