(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар даромадгоҳи ҷанубии шаҳри Хуҷанд ҳайати бонуфузи озмуни ҷумҳуриявии “Дуои модар”-ро ба карнаю доира ва нону намак аҳли фарҳангу зиёи шаҳр истиқбол намуданд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд меҳмнонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хайрмақдам гуфта, изҳор доштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар таҳти унвони «Дуои модар» озмуни беҳтарин матлаби журналистӣ, публитсистӣ ва адабиро эълон намуда буд, ки ҳамагон дар арафаи ҷамъбасти ин озмуни бонуфуз ҳастем. Ва меҳмонони олиқадр аз тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон бо ин ҳадаф ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овардаанд, ки ҳузурашон хайрамақдам мегӯем.

Таъкид шуд, ки ҳадафи воқеии он тақвияти ҳисси ватанпарастӣ дар вуҷуди насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан буда, ситоиши олиҳаи меҳри ҷовидон, ранҷҳои бедареғи ӯ дар ҷодаи камоли инсонӣ ва даҳҳо мавзуи ба ин масъала марбут мебошад. Аз номи озмун пайдост, ки сарчашмаи ин ибтикори роҳбарияти рӯзнома таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи бонувон дар умури давлатдорӣ ва маънавияти насли нав аст.

Меҳмонон имрӯз аз Боғи Камоли Хуҷандӣ, хонаи шоир Хоҷа Камол ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд ошноӣ пайдо менамоянд.

Қарор аст, ки санаи 25.09.23 дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” озмуни ҷумҳуриявии “Дуои модар” натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд