(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии асосии роҳи кўчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр, бо паҳноии 10 метрро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аҳли маҳаллаи «Мевагул»-и шаҳр аз ин иқдомоти созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.

Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки роҳи мазкур ҳанӯз замони Шӯрави бори охир мумфарш гардида, баҳри равуои сокинон ноқулай шуда буд. Дар шафати роҳи мазкур Маркази саломатии №5, хобгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Идораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавҷуд мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва мумфаршномии дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд