(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар доираи нақша-чорабиниҳои Рўзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар кўчаи Сирдарёи шаҳр дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар шаҳру навоҳии вилоят назир надорад.

Баъди истифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад. Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад. Лоиҳакаши бино Филиали ҶСК Пажўҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии САНИИОСП дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Маҷмаа ҳудуди 1 гектарро ташкил дода, аз 3 ошёна бо фарогирии таҳхонаи он иборат мебошад.

Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” машқу тамрин беш аз 15 намуди варзишро фароҳам оварда, дар он толорҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо ташкил гардида, толорҳои калони баргузории мусобиҷаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори конфронс ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд