(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз тибқи дастури роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар соҳили чапи дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд.

Ба аксияи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонону кормандони касбу кори гуногун ҷалб гардиданд.

Ҳашарчиён аз канори дарё алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ба пуррагӣ тоза намуда, баҳри мунаввар ва боз ҳам зебо шудани дарёи Сир мусоидат намуданд.

Ҳашарчиён ҳамчунин чунин аксияи тозагиро дар як қатор кӯчаҳои шаҳр низ роҳандозӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд