(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ-хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарист

Ҳамшаҳриёни азиз!

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман, ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» барҳақ зикр намудаанд: «Рўдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ-ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дўстиву рафоқат, саховат ва накўкориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ў ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрўз ин забон на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигўён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст».

Воқеан, ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад.

Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккулу устувор ва такомулу тараққӣ додани назми оламгири тоҷикӣ сазовор гардидааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22-юми сентябр «Рўзи Рўдакӣ» чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад. Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, созандагиву ободонӣ, эҷодкориҳо вусъат ва таҳким мебахшад.

Боварӣ дорам, ки ин иди бошукўҳ ба болоравии ҳисси хештаншиносию ватанпарастии насли имрўзу ояндаи тоҷикон мусоидат мекунад.

Иди пурифтихори адабиёти миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!