(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи хонандагон, омўзгорон, муасису роҳбарияти дабистон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр чорабинии таълимию фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ баргузор гардид.

Хонандагон шеъру гуфторҳоро аз абёти тарбиявии Маликушшуаро қироат намуда, саҳнаи ҷолиберо аз рўзгори шоир пешкаши ҳозирин гардониданд.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22-юми сентябр «Рўзи Рўдакӣ» чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад. Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузургу гиромидошти осори безаволи шоир ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, созандагиву ободонӣ, эҷодкориҳо вусъат ва таҳким мебахшад.

Дар анҷоми маҳфил муассис, маъмурияти гимназияи “Ганҷ” ванамояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба мазмуни чорабинӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «Рўдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ-ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дўстиву рафоқат, саховат ва накўкориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ў ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид”.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд