(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд мерасонем, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 25-уми сентябри соли равон соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи Хуҷанд бо иштироки ситораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ситораи тобони Федератсияи Русия Согдиана, Ҷумҳурии Ўзбекистон Бунёдбек Саидов, хунёгарони дилҳо Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Нодирабегим Усарзода, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мегардад.


Ҳамчунин ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», «Гулноз» бо рақсҳои мавзуни худ ба дилҳо суруру шодмонӣ мебахшанд.

Марҳамат ба базми шаҳри гулҳо, шаҳри муҳаббат, шаҳри садоқат ва шаҳри вафодорӣ!




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд