(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз бо ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ Мирзоаҳмад Раҳимов роҳбари ширкати “Анситу” дар кӯчаи Гагарини маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, нуқтаи нави хизматрасонии тарабхонаи туркии “Анситу” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи нави хизматрасонии тарабхонаи туркии “Анситу” аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар хизмат расонида мешавад. Таҳхона ва ошёнаи якуми бино тарабхонаҳо бо усули меъмории шарқиёна оро дода шуда, дар ошёнаи сеюм, ки бо усули сохтмони шакли сабук сохта шудааст, табиатан назаррабо ва дилрабо гардидааст. Ошпазҳои он аз кишвари Туркия даъват шудаанд. Баъди ифтитоҳи ин маҷмаа беш аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ ин табақаи ҷомеа кӯшиш бар он менамояд, ки ҳамешагӣ дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошанд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзобаҳром Раҳимов чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ на фақат дар шаҳри Хуҷанд, балки дар пойтахти кишвари маҳбубамон ифтитоҳ гардида, ба мардум хизмат намуда истодаанд ва кори пайкори ин соҳибкорро имруз фарзандонаш идома бахшида истодаанд.

Сипас ба муносибати 32 солагии Истиқлоли давлатӣ ба беш аз 80 нафар наврасони ятиму бепарастор аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастархони идона густурда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Роҳбарияти ширкати “Анситу” таъкид намуд, ки дар оянда низ барои босифат пеш бурдани фаъолият, ба роҳ мондани хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ аз тамоми имконоту василаҳо истифода менамояд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд