(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии рақами 1"-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти "Тӯби чармин-2023" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, футболбозони соли таваллудашон 2008-2009 ва 2010-2011 баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуд. Мусобиқа тибқи нақшаи муштараки Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон махсусан ҷавондухтарон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар натиҷа сазовори ҷои якум дар синну соли 2008-2009 дастаи Гимназияи рақами 4, ҷои дуюм дастаи МТМУ рақами 16 ва ҷои сеюм дастаи МТМУ рақами 31-и шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Дар синну соли 2010-2011 сазовори ҷои якум дастаи МТМУ рақами 16, ҷои дуюм дастаи Гимназияи рақами 4 ва ҷои сеюм дастаи МТМУ рақами 31-и шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон ҷом, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд