(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз ба муносибати 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода собиқадорони хизмати давлатӣ аёдат карда шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо Ходими давлатӣ, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокирова ва Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳридин Ахмедов аз хизматҳои эшон дар назди халқу Ватан ёдоварӣ намуда, онро намунаи олии пайравӣ ба ҷаавонон унвон намуд.
Таъкид шуд, ки Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
Дастовардҳое, ки имрӯз аз кору пайкори беш аз сисолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст, танҳо ҳиссаи ками заҳмати содиқонаву софдилонаи мову шумо дар ҷодаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ватансозиву ватандорӣ мебошанд.
Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем.
Мо шукрона мекунем, ки мардуми шарифи тоҷик солҳои дароз, яъне аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, тамоми камбудиву мушкилотро бо сабру таҳаммул паси сар карданд. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Аёдатшудагон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдории хешро расониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд