(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!

32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони обод орзу менамоям.

Истиқлолият заминасози рушду такомул, пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагӣ, иззату обрӯ, шарафу номус ва ҷаҳду талошу ҷоннисории фарзандони некноми миллат аст, ки ба омили асосии ҳифзи щурур, бедории миллӣ, шинохти ҳувият ва мояи ифтихори ҳар фарди мамлакат табдил ёфтааст.

Намунаи муосиру олии ифодаёфтаи ҳувияту истиқлолу озодихоҳии тоҷикон дар марҳилаи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар мӯҳтавои фаъолияти ватанпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст ва ин нуктаро Садри муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд: «Истиқлолият ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки Ватани хешро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Солҳои сипаришудаи Истиқлоли миллӣ мо тавонистем сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариши нави низоми сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орем. Бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷойдошта тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, таъмин намоем».

Воқеан, сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки имрӯзу фардои Ватанамон дар ихтиёри худамон аст ва ҳар фарди бонангу номуси миллат метавонад ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшида бошад.

Ҳамзамон, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ нуфузу эътибори кишвари тоҷикон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ибтикори Пешвои миллати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозию дастгирӣ меёбад.

Боиси ифтихору шодмонист, ки чун тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва щамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Сущд Раҷаббой Аҳмадзода рӯз аз рӯзу моҳ ба моҳ ободтар гардида истодааст. Бунёди иншооти таъйиноташ гуногун ва корхонаҳои истеҳсолӣ, вусъати ҳунарҳои мардумӣ, дастгириҳои муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва табобатӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, ки ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиндагии сазовори мардум нигаронида шудаанд.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Соҳибихтиёрӣ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат мебошад, балки ҳалли масъалаҳои дохилии кишварро дар радифи масоили муҳимтарини фаъолияти давлат ва ҳукумат мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, давлат ва ҳукумати мамлакат дар сиёсати дохилии худ баробари дар мақоми аввал гузоштани иҷрои ҳадафҳои асосӣ, ба татбиқи самарабахши дастовардҳои илму техника ва имкониятҳои низоми иқтисодии ҷаҳони муосир, инчунин, ба ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи мардум пайваста эътибори аввалиндараҷа медиҳад, ки дар натиҷа мо дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ҷидду ҷаҳд менамоем. Қудрати мо, пойдории Истиқлолияти давлатии мо дар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.

Бори дигар мардуми шарафманди Хуҷандро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони шод ва иқболу сарбаландӣ таманно менамоям.

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!