(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа истиқболи рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи илм ва маърифат мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол” доир карда шуд.

Нахуст мутахассиси шуъбаи методӣ ва таъмини сифати донишкада, омӯзгори калони кафедраи сохтмони донишкада Умар Бобоев чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳои фаромӯшношуданӣ ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони хушбахтӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 – июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошанд. Бисту шаш сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд. Сулҳу ҳамбастагие, ки бо талош ва корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пойдор гашт ба истиқлоли давлатӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Дар баромади доктори илмҳои таърих профессор Ваҳҳоб Набиев зарурати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, марҳилаҳои баргузории он муфассал зикр шуданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забонҳои давлатии ДПДТТ, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темурова аз дастовардҳои навини даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо, ки ба шарофати пойдории сулҳу субот ба даст омад, маърӯзаи илмӣ намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар котиби Шӯрои Ҳакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ба якчанд нафар устодони донишкада дар вазъияти таннавӣ сипосномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро супорид.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.