(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд, 13” Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагонаш дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуд.

Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ҳусни оғоз бахшид.

Вакили халқ дар Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар баромадаш аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду такомули соҳаҳои хоҷагии халқ, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво кард.

Ҳамзамон аз иштирокчиёни ҷавони мулоқот даъват ба амал овард, ки бобати истифодаи дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Зеро, бино ба маълумотҳои расмӣ имрӯз беш аз 4,5 млн. сокинони кишвар ба интернет дастрасӣ дошта, дар ҳолатҳои алоҳида хоса ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоинони миллат мешаванд. Дар зиндагӣ ба роҳи хато рафта, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мепайванданду оқибат пушмайон мешаванд, ки суд надорад.

-Соли 2018-ум 86 нафар фарзандони волидонашон дар кишварҳои ҷангзадаи Шому Ироқ муҳоҷир буда, бо кӯшишу эҳтимоми Пешвои муаззами миллат ба зодгоҳашон баргардонида буд,- тақвият дод, андешаҳояшро вакил Мавсума Муинӣ,- ин бачагону наврасон бо зиндагӣ дар муҳити ҷангу ҷидол ба андозае мағзшӯӣ шудаанд, ки аллакай монанди волидонашон ба амру фармонбардорӣ одат кардаанд. Ҳарчӣ мефармудем, аз “пешвояшон” навраси 14 сола иҷозат мепурсиданд. Мутаассифона, аксари ин бачагон аз тақдири минбаъдаи волидонашон бехабар буданд...

Мавсума Муинӣ дар идомаи суханрониаш оид ба баланд мақоми зан дар ҷомеа, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳарф зада иброз дошт, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 70 фисад занон дар соҳаи маориф бори гарони тарбияву таълимро мардона ба дӯш мекашанд. 25 фисад бошанд, ба сифати хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият доранд. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 16 нафар бонувонанд, ки порсол 13 нафар будем.

Баромадкунанда ба интихобкунандагон аз фаъолияти Маҷлиси вакилон ҳисобот дода баён дошт, ки органи олии қонунбарори мамлакат нисбати таҳкими қонуният дар заминаи ворид намудани тағйироту иловаҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Маҳз ин амалҳо буд, ки ба соҳибкорон 120 имтиёзҳо дар пардохтҳои гумрукӣ дода шуд ва эшон дар навбати худ бо истифода аз ин имтиёзҳо таи солҳои соҳибистиқлолӣ 18 ҳазор адад иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта ба истифода доданд...

Дар мулоқот ҳамчунин раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонзода баромад карда, оид ба мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеа, кӯшишу эҳтимоми он дар пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар сухан ронд.