(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагони худ баргузор гардид.

Меҳвари мулоқотро дастовардҳои 32 соли Истиқлолият ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ташкил намуд.

Мулоқотро Сўҳроб Самадзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди интихобкунандагон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҳарчанд ки 32 сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Яъне истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Зеро ҳар соли истиқлоли давлатии мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Мавсума Муинӣ гуфт, ки мо ҳамагон дар остонаи солгарди навбатии Истиқлолият ҳастем ва таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз сарнавишт ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза бо дирӯз ва тарҳрезӣ намудани дурнамо барои фардои халқи азизамон мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо меҳнатҳои шабонарўзии Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидем. Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд