(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Қуллаҳои баланди дониш насибатон бод!

Донишҷўёну хонандагони азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва Рўзи дониш самимона табрику муборакбод менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд: “Дониши ҳар кас дар муайянсозии шахсияти ў маҳаки асосист, дониш зиндагии моро хушу гуворо, ҷомеаамонро пешрав ва фаъолиятамонро мунаввар месозад”.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа: ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон баён доштанд, ки «Дар панҷ соли охир барои рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар даври зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд”.

Дар ҳама давру замон илмомўзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудааст. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст.

Ҳукумати кишвар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҳавасманд гардонидани толибилмон, донишҷўён, омўзгорон, устодони донишгоҳҳову донишкадаҳо дар кулли муассисаҳои таълимӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани барномаи Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ташкил намудани озмунҳои “Омўзгори соли Тоҷикистон”, «Мураббии соли Тоҷикистон», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурўғи маърифат», олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, аз ҷумла «Луғатдони беҳтарин», «Барномасози ҷавон», «Spelling Bee», «Архимед» «IMEC-2023» аз фанни математика, “HIPPO-2023” аз фанни забони англисӣ ва ғайра баргузор карда мешаванд.

Ҳар яки мо бояд кўшиш намоем, ки ҳамқадами замон бошем, насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандўзӣ, омўзиши фанҳои дақиқ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи муосир раҳнамоӣ намоем.

Толибилмони азиз!

Айни ҳол рисолати шумо, насли ҷавони кишвар, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумост.

Устодони гиромӣ, умедворем, ки барои ба сатҳу сифати нав баровардани таълиму тарбияи наврасон ва донишҷўён маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт.

Бори дигар устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагони азизро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо фарорасии соли нави таҳсил, Рўзи дониш ва сулҳ самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, хонаободӣ, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифатро таманно менамоям.