(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Меросбарони Синои бузургед, табибон

Табибони ҳозиқу арҷманд, алоқамандони соҳаи тиб!

Ҳар сол рӯзи 18-уми август чун анъана дар рӯзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, аллома ва файласуфи бузургу беназири олами Шарқ Абӯалӣ ибни Сино иди касбии табибони тоҷик таҷлил мегардад ва ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз ҷон рӯйи каф гирифта, баҳри ҳифзи солимии мардум талош меварзанд. Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, собиқадорон, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва кулли кормандони алоқаманди соҳаро бо иди касбӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тани баофият, рӯзгори ободу осуда, хотири ҷамъу болида ва дар кори пуршарафатон барору комёбиҳо хоҳонам.


Ба соҳаи тандурустӣ, ки арсаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд ва муассисаҳои тибро бо техникаву таҷҳизоти замонавиву пешрафта таъмин менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад.

Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ, дастрасии кӯмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар беҳтар гашта, бун-ёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд муҷаҳҳазгардонии таҷҳизоти муосири техникии тиббӣ бештар гашта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 таваллудхона, 3 беморхона, 6 маркази саломатӣ, 1 стансияи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази мубориза бар зидди бемории сил, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2236 нафар корманд адои вазифа дорад. Дар шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон муассисаҳои тибби хусусӣ фаъолият доранд, ки дар ифтитоҳи расмии онҳо Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзидаанд.

Аз шумораи умумии табибон 41 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони номзади илми тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар дорандаи медали “Шафқат” ва 3 нафар профессор фаъолият дорад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошанд.

Ҳамшаҳриёни азиз, кормандони тиб!

Бо боварии том метавон изҳор кард, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар рисолати хеш содиқ мемонанд.

Бори дигар, ҳамаи шумо – табибон, кормандони соҳаи тибро бо иди касбӣ табрик гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу мекунам.

Тандурусту хонаобод бошед, табибон ва шифокорони азиз!