(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии Ли Сяоян, муовини мудири хадамоти равобити хориҷии шаҳри Сянро ба ҳузур пазируфт.


Фирдавс Шарифзода меҳмононро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, афзуд, ки ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин равобити ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад. Мардуми Хуҷанд дар қатори тамоми сокинони ҷумҳурӣ сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз Истиқлолият давлатӣ ифтихор доранд ва шукрона мекунанд, ки дар замони сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд.

Таъкид шуд,ки шаҳри бостонии Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғд яке аз шаҳрҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои иқтидори бузурги иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Хуҷанд, ки дар чорроҳаи Шоҳроҳи Абрешим қарор дошта, яке аз муҳимтарин марказҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна ва минтақа аст.

Хуҷанди муосир яке аз марказҳои бузурги саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузорад. Дар шаҳр зиёда аз 245 корхонаи саноатӣ ва 1400 корхонаҳои хурд фаъолият намуда, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғуланд.

Сол то сол ҳаҷми муомилоти мол бо мамлакатхои дигар меафзояд. Корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамасола бо 45 кишвари ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар ба мамолики дуру нздик аз қабили Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Литва, Туркия, Беларус, Италия, Чин, Корея, Озарбойҷон, АМА ва ғайра содиротро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 22 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ли Сяоян, муовини мудири хадамоти равобити хориҷии шаҳри Сян барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмондорӣ арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки тоҷикон таърихи қадимаю бой ва рангин дошта, яке аз милллатҳои тамадунофар дар минтақа эътироф шудааст.

Ли Сяоян гуфт, ки шаҳри Сян чун шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз 3000 сола дорад ва муддате калонтарин, ҳам аз рӯи масоҳат ва ҳам аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон буд. Сиан яке аз муҳимтарин марказҳои таърихӣ ва фарҳангии Чин аст; Пойтахти 13 сулола дар таърихи Чин буд.

Аҳолии шаҳри Сян имрўз беш аз 130 миллион буда, дар 360 ҳазор корхонаи саноатӣ, 100 миллион соҳибкор фаъолият доранд. Саноат дар самти мошинсозӣ, хўрока, истихроҷи нафту газ, электротехника ва ғайраҳо рушд намудааст. Дар ин шаҳр 83 донишгоҳ бо 130 ҳазор донишҷўён фаъолият дорад. Соҳаи сайёҳӣ низ рушд карда, танҳо давоми 7 моҳи соли ҷорӣ аз ин шаҳр беш аз 1, 7миллиард сайёҳони дохилию хориҷи боздид намудаанд. 159 осорхона ва садҳо муассисаҳои фарҳангӣ фаъоланд.

Таъкид шуд, ки баъди ташрифи Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин”, ки дар шаҳри Сиян баргузор шуд, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин шаҳри бостонӣ бештар афзуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд