(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМуҳтарам кормандон ва собиқадорони хадамоти ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ!

Ҳамаи Шумоён кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, бурдборӣ орзумандам.

Мудофиаи гражданӣ маҷмўи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.

Мардум дар бораи корнамоиҳои зумраи наҷотбахшон чӣ дар ҳолатҳои мудофиаи гражданӣ ва чӣ дар пешгириву рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда хуб огаҳанду ба онон аҳсант мехонанд. Зеро, ки маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои номатлуби табиӣ аввалин шуда ба кўмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Ин рўзҳо чанде аз хизматчиён баҳри иҷрои вазифаҳои хеш ҷони худро барои ҳифзи Ватан фидо намудаанд ва дар иҷрои вазифаи ҷонӣ ҳар соату дақиқа омода мебошанд.
Ситоди мазкур ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва садамаҳое, ки дар миқёси шаҳр рух медиҳанд, пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ин абармардони шуҷоъ ба вазъиятҳои гуногун нигоҳ накарда, ҷон дар каф хаёти мардумро ҳифз менамоянд.

Бори дигар, тамоми кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон ҳамеша тани баофият хоҳонем.

Иди касбиатон муборак, абармардони наҷотбахшу қавиирода!