(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҳолати хона ва мақбараи яке аз шахсиятҳои шинохтаи шаҳри бостонии Хуҷанд Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо карданд, ки он яке аз обидаҳои таърихии шаҳр ҳисоб меравад ва мардуми Хуҷанд ва атрофи он 800 сол инҷониб эҳтироми ин бузургворро ба ҷо оварда, поси хотирашро нигоҳ медоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки хонаи таърихии Ҳазрати Бобо низ дар ин мавзеъ ҷойгир буда, имрўз ниёз ба азнавсозӣ дорад.

Дар матни насабномаи “Ҳазрати Бобо II” номи аслии Ҳазрати Бобо, Саййид Султонхоҷа Аббос ва лақабаш Ҳастӣ Мирзо Бобо омадааст. Аз руи манобеи муътамад мавсуф Устоди Мавлоно Шамси Табрезӣ будаанд. Бояд қайд кард, ки дар ҳарду насабнома номи Аҳмади Ҷомӣ, ҳамчун падари Ҳазрати Бобо, якеро ном Заҳируддин Исо бо лақаби“Бобо Ҷобир” ва дигаре Саййид Султонхоҷа Аббос бо лақаби “Ҳастӣ Мирзо Бобо” омадааст.

Дар мавриди замони зиндагии Ҳазрати Бобо тибқи иттилои сарчашмаҳои баррасишуда эшон фарзанд ва ё муриди Аҳмади Ҷомӣ ба қалам дода шудаанд, аз ин ҷо замони зиндагии Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ ба асри XII рост меояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини меъморӣ ва шаҳрсозӣ дастур дод, ки лоиҳаи муосири азнавсозии ин мавзеъи таърихиро омода намоянд ва ба корҳои сохтмонӣ омодагӣ гирифта шавад. Масъулини соҳаи фарҳанг муваззаф гардиданд, ки оянда ба макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мубаддал намудани ин макон тадбирҳо андешанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд