(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015 №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, “Дар бораи баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2023-2024” ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис додани Комиссияи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2023-2024 дар шаҳри Хуҷанд”, дар ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд озмуни мазкур ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маросими кушодашавии озмуни мазкур муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Муноҷот Қаҳҳорова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва аъзои Комиссияи озмун иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳамасола озмуни Стипендияи Президентӣ баргузор гардида, стипендия насиби беҳтарин хонандагон ва ғолибони озмун мешавад. Наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад. Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд карда шуд. Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтанд ва ташаккул додани маҳорату малакаи истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари ин ғамхориҳо бояд Ватани худро боз ҳам бештар дӯст дошта, илмҳои гуногуни замонаро омӯзанд ва баҳри ободии диёри биҳиштосоямон кӯшиш намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни имсола 144 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок доранд, ки аз миёни онҳо 72 нафарашон ғолиб дониста мешаванд.

Зикр гардид, ки хонандагон ва донишҷўён аз рӯйи низомномаи "Стипендияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ " миёни ҳам рақобат мекунанд.

Раванди озмунро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, омӯзгорони ботаҷриба дар умум ҳайати комисияи шаҳрӣ назорат намуданд.

Довталабони озмун аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, география, забони англисӣ ва забони русӣ санҷида донишу маҳорати худро санҷиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд