(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи давлати Кохи «Суғдиён”»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид, ки дар он тибқи талаботи озмун аҳли ҳунари шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзиданд.

Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.

Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд 118,9 хол сазовор дониста шуд. Ва ҳамин тавр роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур низ тақдим гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»- рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани сатҳи ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар охир аз масъулини фарҳанги шаҳр ба беҳтарин бахшу иштирокчиёни фестивал-озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд