(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови шаҳр беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 3600 метри квадратиро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аҳли маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳр аз ин иқдомоти созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.

Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 8 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва то охири сол беш аз мумфаршномии зиёда аз 22 километр роҳҳои шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд