(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ 3-и шаҳри Хучанд машварати Рӯзи Раисони ташкилоти ибтидоии собиқадорони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Машварат аз гулчамбаргузорӣ дар назди лавҳаи "Бригадаи 99-уми тирандози тоҷик дар шаҳри Хуҷанд" ва тамошои осорхонаи "Бригадаи 99-уми тирандози тоҷик" оғоз шуд.

Дар машварат муовини Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Хуҷанд Зайниддин Зунунхӯҷаев, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов ва раиси Шўрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд Ҷамол Ашӯров баромад намуданд.

Нотиқон дар бораи тарбияи ватандўстии ҷавонон ҳарф зада, таъкид доштанд, ки тарбияи ватандӯстӣ- ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки ҷомеа, оила ва шаҳрвандон, ки ба ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад. Дар ин раванд тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба мамлакат, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон андешида мешаванд, мақоми хосса доранд.

Вазифаи щамагон бояд ин ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан авлавият бошад.

Сипас аз ҷониби омузгорон ва толибилмони муассиса чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Иди Ғалаба таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад"пешкаши меҳмонон гардид.

Директори МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд Манзура Муинзода ба машварат ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд