(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади дидорбинӣ ва ҳолпурсии якчанд нафар собиқадорони шаҳри Хуҷанд ба манзили онҳо рафтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаи маориф Наима Мўъминова, Раҳматҷон Бобоҷонов, собиқадорони соҳаи иҷтимоӣ ва хизмати давлатӣ Аҳмадҷон Поччоев ва Хосият Зокирова зикр намуд, ки кору пайкори бознишастагон ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва хизматҳои эшон дар рушду нумуъи кишвар бо хатҳои заррин навишта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори меҳнат Наима Мӯъминоваро фаъолияти педагогиаш аз соли 1961 дар мактаби ҳаштсолаи №1 ҳамчун омӯзгори фанни физика оғоз гардида, сипас, ду сол дар мактаби миёнаи №20 омӯзгори фанни физика ва астраномия шуда кор мекунанд. Соли 1966 муаллима ба аъзогии ҳизби коммунист қабул мешаванд.

Қобилияти ташкилотчигииашонро ба назар гирифта, аввал раиси иттифоқи касаба, баъдтар котиби ташкилоти ҳизби комунистии мактаби мазкур интихоб менамоянд ва дар як вақт аъзои пленуми комитети ҳизбии шаҳр интихоб мешаванд. Муаллимаро дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунанда тарбия намуда, соли 1976 сарвари мактаби ҳаштсолаи №2 таъин мекунанд. Дар давоми сарвариашон мактаб хеле обод шуда, утоқи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, ҳамчунин ошхона ба тариқи ҳашар сохта ба истифода дода мешавад. Дар ҷамъбасти соли хониш дар мусобиқаи байни мактабҳои шаҳр мактаби мазкур ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Сипас, аз соли 1978 то 1982 дар мактаби миёнаи №3 сарварӣ менамоянд. Фаъолияти мактаб дар баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия сазовори байрақи сайёри шуъбаи маорифи шаҳр гашта, ҳамзамон дар «Тахтаи фахрии шаҳрӣ» номи мактаб ҳамчун ғолиби мусобиқа сабт мегардад.

Аз соли 1982 Наима Мӯъминова мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин шуда, пеш аз ҳама масъалаи кадрҳои шуъбаи маорифро дида мебароянд ва шахсони кордону педагогҳои бомаҳоратро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд, ки кадрҳои болаёқати интихобнамудаашон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҷоннок намудани кору фаъолияти мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯзҳо низ омӯзгори варзида, педагоги бомаҳорату пуртаҷриба, ташкилотчии моҳир, машваратгари муллимони ҷавон ба тарбияи насли наврас машғул буда, ҳамчун равоншинос дар МТМУ №12 фаъолият мебаранд.

Собиқадори соҳаи маориф Раҳматҷон Бобоҷонов низ солҳои зиёд дар макотиби шаҳр ба сифати омўзгори фанни физика ва математика ба хонандагон дарс гуфтааст ва имрўз давлати пирӣ меронад.

Аҳмадҷон Поччоев, собиқадори соҳаи иҷтимоиёт умри худро сариф меҳнати софдилона ба Ватану миллат намуда, беш аз 25 сол дар Корхонаи нобиноён хизмати бенуқсон намудааст.

Аёдатшудагон ин иқдому таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлатро амали раъиятпарварона унвон намуда, аз ҷумла афзуданд, ки бузургтарин савоб дар ин росто хайру саховат ва олиҳимматист. Савоби навозиши собиқадорон ва муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд