(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву гулдўзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ифтитоҳ намуда,аз ҷумла афзуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти 2023 «Дар бори ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии Сад ранги чакан» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 6 апрели соли 2023 бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву гулдўзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дўхтани тоқиву ҷувздонҳо, густариш додани фаъолияти тарроҳию дўзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурди дўзандагиву истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, қадр намудани меҳнати ҳунармандон, тарроҳон, пос доштани анъанаву суннатҳои неки ниёгон, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспўшии миллӣ, ривоҷу равнақ бахшидани фарҳанги миллӣ истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдўзӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандон, сўзанидўзон, чакандўзу гулдўзон, дўзандагон, қаламкашу наққошон, ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Сипас муаррифии маҳсули эҷоди довталабон, ки беш аз 130 нафарро ташкил медоданд аз рӯйи бахшҳои “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ”, “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси маросимии идона” ва “Беҳтарин либоси расмӣ” бо ҳам рақобат намуданд.

Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамот баъди азназаргузаронӣ ғолибонро муайян намуданд: дар бахши “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”:ҷойи аввал Пўлотова Мафтуна, ҷойи дуюм Ахмедова Азиза ва ҷойи сеюмро Ниёзова Матлуба ба даст оварданд.

Дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” Маркази омўзишӣ – дўзандагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мақоми аввал, ҷойи дуюмро Каримзода Наимахон ва зинаи сеюмро Ҳотамова Шаҳодат соҳиб шуданд.

Дар бахши “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона” Темирова Муяссар, Литсейи касбӣ-хизматии шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалисайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Шарифбоева Нигора мутаносибан мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” ҷойи аввал насиби Шарифбоева Нигина, мақоми дуюмро Литсейи касбӣ-хизматии шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Литсейи касбӣ- хизматии шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалисайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба даст оварданд.

Дар бахши “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ”ҳунарманд Дадобоева Дилафрўз, ҳунарманд Набиева Мавҷуда ва Маркази омўзишӣ – дўзандагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Дар бахши кўдакон тамоми иштирокчиён ғолиб эътироф гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд