(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Таъмири куллии кӯчаи ба номи М. Танбӯрӣ.Мувофиқи супориши Раиси вилдояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, бо истифодаи аз ҳавои мусоид таъмири роҳҳои шаҳр идома дорад. Дар кӯчаи ба номи М. Танбӯрӣ барои аз таъмири куллӣ баровардани он корҳои мумфаршкунӣ идома доранд. Зиёда аз 10 нафар  таъмирчиёни ҶДММ «Хуҷандроҳ» роҳи мазкурро барои асфалтхобонӣ омода намуда, бо истифодаи воситаҳои техники муосир корҳои мумфаршкуниро бо вусъат идома медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки кӯчаи номбурда давоми 15 сол охир таъмири капиталӣ нашуда буд.
Масофаи роҳи таъмир  1,4 км буда , ҳаҷми умумии корҳо зиёда аз 3 ҳазор метрии муррабаъро ташкил  медиҳад. Корҳои таъмир ҳамчунин як қисми рохи соҳили дарёи Сир,- хиёбони ба номи Р. Набиевро низ дар бар хоҳад гирифт. Барои сари вақт ва хушсифат аз таъмир куллӣ Роҳсозон ният доранд то интиҳои хафта корҳои асфалтхобониро ба итмом расонанд.