(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд Даҳаи аввали моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба имзо расидааст.

Ин Фестивал бо ҳадафи муарифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръати сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву гулдўзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ сурат мегирад.

Ин озмун аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ”, “Либоси қадимаи чакан” сурат гирифта, дар он ҳунармандон бо маҳсули эҷоди худ бо ҳам дар рақобат мешаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.

Довталабон метавонанд ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд. Тел: 46725


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд