(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар барои баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни хонандагони ин муассисаи таълимӣ даври якуми он сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҳайати ҳакамот аз довталабони озмун тибқи низомнома пурсиш ба амал оварда, беҳтаринҳоро муайян карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд