(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқот доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону варзишгарон ва волидайни онҳо ва фаъолияти Федератсияи "Каратэ-до Ҷундокани Точикистон" натиҷагирӣ шуд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва раиси Федератсияи "Каратэ-до Чундокани Точикистон", дорандаи камарбанди сиёҳ Фозилҷон Ахмедов иштирок намуданд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки варзиш як намуди фаъолияти ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ буда, барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ, пешравӣ барои беҳбудӣ ва машҳурият ба даст овардан хизмат мекунад. Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад.

Баён гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон дониста, дар таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд