(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи нақшаи пешакӣ тасдиқ гардида, имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 40 нафар сокинонро қабул намуд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд дархосту арзи ҳар кадом аз муроҷиаткунандагон шунида шуда, барои сари вакт баррасӣ ва ҳалли онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Сокинони маркази вилоят асосан дар масалаи ба навбат гирифтани онҳо чун эҳтиёҷманди беҳтар намудани шароити манзил, ҷудо намудани ҳуҷраи истиқоматӣ дар хобгоҳ,расондани кӯмаки моддӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин меъмор ҳайкалтарош Сайидалӣ Шералиев барои фароҳам овардани шароити ташкили маҳфили кулолгарӣ ва варзишӣ барои ҷавонону наврасон аз Раиси шаҳр дархост намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти сохторҳои дахлдор барои дастгирӣ намуданиин пешниҳод дастуру супориш дод.