(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи чорадаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати шашум вакилон барои номгузорӣ намудан ба мактаби санъати №4-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Шарофиддин Сайфиддинов раъйи худро доданд.

Бояд қайд намуд, ки Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Ў соли 1945 синфи 10 – уми мактаби миёнаро хатм намудааст ва ҳамзамон дар мактаби мусиқӣ низ таҳсил доштааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1945 то соли 1947 дар мактаби санъати шаҳри Душанбе таҳсили худро идома дода, баъдан соли 1947 барои давом додани таҳсил ўро ба консерваторияи шаҳри Москва фиристодаанд ва соли 1952 ин консерваторияро хатм намуда, ба сафи Иттифоқи композиторони собик ИҶШС қабул карда шудааст.

Эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов бисёржанра буда, ҳамчун композитор нисбат ба мусиқӣ барои театр таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намудааст ва якчанд драма ва мазҳакаҳои мусиқӣ эҷод кардааст, ки то имрўз дар театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода шуда истодааст.

Барои дастовардҳо дар соҳаи санъати мусиқӣ ва фаъолияти пурсамар Шарофиддин Сайфиддинов бо ордену медалҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шоён», «Барои меҳнати диловарона» бо унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, соли 2001 дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.

Шарофиддин Сайфиддинов санаи 25-уми декабри соли 2015 дар синни 86 солагӣ вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд