(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи аъмоёнро дар шаҳри Хуҷанд қайд намуданд.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо унвони «Асои сафед» чун рӯзи таваҷҷӯҳ ва меҳр ба аъмоён маҳсуб меёбад.
Имрӯз дар корхонаи маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон таҷлили 65 солагии таъсисёбии коргоҳи мазкур ва Рӯзи аъмоён қайд карда шуд.
Сардори ҷамъияти аъмоёни шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҷалилов маҷлисро ифтитоҳ бахшид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруф Алибоев номаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро барои ҳозирон қироат намуд.
Дар навбати худ мудири Шӯъбаи саноат ва энергэтикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солиев меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирини ин ҳамоиш расонда, ҳамчунин қайд намуд, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷудо намудани даҳ ҳазор сомонӣ чун кӯмаки яквақта бахшида ба ин рӯз, қарор имзо гардидааст.
Баъдан ба 200 нафар аъмоён кӯмакпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Барномаи консертии бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табъи ҳозиронро болида гардонид.