(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади фароҳам овардани шароити таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахасисони соҳаи тиб дар шароити ҷавобгў ба замони муосир сохтмони бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷараёни сохтмони ин муассисаи таълимии тиббӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ дар ҳудуди имрўзаи Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд сохта шуда, аз 4 ошёна бо фарогирии 510 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа бинои иловагӣ 4095,40 м2 масоҳат дошта, он аз 4 ошёна ва 1 таҳхона иборат мебошад. Пудратчии сохтмони мазкур “Истиқлол гуруҳ”мебошад.

Дар бино 17 адад утоқи корӣ, 17 адад синфхонаи таълимӣ барои 510 нафар донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин ташкили осорхона низ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар таҳхона ошхона, 1 адад утоқи кории бойгонӣ, 1 адад синфхонаи компутерӣ ва китобхонаи электронӣ барои 100 нафар донишҷӯён ва ғайраҳо сохта ба истифода дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар коллеҷ 275 нафар омӯзгорон ба беш аз 4000 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтиссосҳои кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори тиббӣ- профилактикӣ таълим медиҳанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати анҷом додани сохтмони босифати бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд тавсия ва супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд