(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИнтизор меравад, ки дар соли ҷорӣ дар ҳудуди варзишгоҳи 20 солагии Истиклолияти шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тайота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Субҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷараёни сохтмони ин ду маркази бузурги савдо шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тайота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тайота» дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.

Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд аспобу техникаи маишии барои хона лозим дар Маркази савдои фирмавии Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурўхта мешавад. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна ибора буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рўзгор ва маишӣ фурўхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кўдакон фарзандони харидорон «Олами бачагон» сохта ба истифода дода мешавад.

Таъкид шуд, ки ин марказҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ташкил шуда, минбаъд доираи фаъоляташон густурда ба роҳ мешавад.
Шаҳрвандон дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ меомӯзанд ва дар охир дар ин марказҳо ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмони ширкатҳо ҷиҳати анҷом додани корҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд