(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз корхонаҳои сохташудаистодаи шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд. Нахуст дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот ва аз фаъолияти озмоишии як сехи корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс» шинос гардиданд.

Ин корхона барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ИМА расонида хоҳад шуд.
Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл гардид. Айни замон дар корхона марҳилаи санҷишӣ ва омӯзиши коргарон оғоз ёфта, корхона метавонад дар як моҳ 15 ҳазор дона халта истеҳсол намояд.

Раиси вилоят барои пурра омода намудани корхона ба масъулин супоришҳо дода, ҷалби бештари коргарон ба омӯзишро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.

Бо солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои давлатӣ соҳибкорон дар саноатикунонии кишвар саҳми назаррас гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди истифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода бунёди чунин корхонаи саноатиро талаби замон унвон намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва зимни бунёди он истифодаи бештари маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод.

Бояд қайд нмуд, ки соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ бо фарогирии 289 ҷойи кор таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1 миллиарду 702 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷи мамлакат ба ҳисоби 389,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот содирот карданд.

Соли гузашта 94 корхона асосан маҳсулоте истеҳсол намуданд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд