(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2022»-муаллими фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷўрабой Бобоҷоновро ба ҳузур пазируфт ва бо ин дастовард номбурдаро таҳният намуд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ин пайки нишотовар дар оғози соли 2023 хеле рамзӣ буда, барои тамоми маорифчиёни шаҳри Хуҷанд қувваю илҳоми тозаю нав мебахшад.

Раиси шаҳр гуфт, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Дар ин самт аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконот ва шароит барои маорифчиён муҳайё карда шудааст. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳр шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ҷўрабой Бобоҷонов донишу таҷрибаи хешро барои тарбияи наврас фаровон истифода менамояд ва чун омўзгори ҷавони навовар ва баррандаи озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон -2022” барои дигар муаллимон мояи ифтихор ва пайравӣ мешавад.

Барандаи озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2022»-муаллими фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷўрабой Бобоҷонов ба таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи худшиносию худогоҳии наврас, омўзиши донишҳои муосир илмҳои дақиқ аз малака ва таҷрибааш фаровон истифода хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд