(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

МОЛИЯ ЯКЕ АЗ ПОЯҲОИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРӢ АСТ

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти молияро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон саломатии бардавом, муваффақият дар ҷодаи кору фаъолият ва саодатмандӣ дар зиндагиро орзумандам.

Мусаллам аст, ки ҳамасола 7-уми декабр дар кишвари азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир собит месозад, ки бунёди ҳар давлат аз ташкили ниҳодҳои он оғоз гардида, аввалин мақомоте, ки таъсис дода мешавад, ин молия аст. Аз ин рў, бояд гуфт, ки молия яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ буда, рушди муназзами иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла шаҳрро тавассути пиёда сохтани сиёсати босамари молия, истифодаи оқилонаю сарфаркоронаи захираҳои молиявӣ, таъмини иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ амалӣ сохтан мумкин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаккул ва рушди соҳаи молия ва нақши он дар тақвият пазируфтани буҷаи давлат таъкид кардаанд: “Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт”.

Бояд қайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии раёсати молияи шаҳри Хуҷанд чун ҷузъи ҷудонашавандаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми имконияту таҷриба ва донишу малакаи касбии худро ба самти беҳбудбахшии фаъолияти соҳа равона намуда, сиёсати молия дар қаламрави шаҳр бомуваффақият татбиқ намуда истодаанд.

Ин аст, ки бинобар таваҷҷўҳи амиқ ба маҷмўи тадбирҳои давлатӣ дар самти эҳёву барқарор намудани сарчашмаҳои молиявӣ, мақсаднок харҷ гардидани захираҳои молиявии буҷети маҳаллӣ ва татбиқи самараноки сиёсати иқтисодию молиявии Ҳукумати мамлакат соли ҷорӣ, ки дар соли санаи бузург-ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши кулли нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва буҷету андоз дар шаҳр мунтазам таъмин карда шуд.

Бори дигар, тамоми кормандони мақомоти молияро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори обод ва муваффақияту комёбиҳо дар ҷодаи фаъолияти пурсамарашон орзумандам.

Иди касбӣ муборак!