(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли илму адаб маҳфили рўнамоии китоб-ҷашномаи нависанда ва публитсисти тавонои тоҷик, дорандаи ордени «Шараф» Додохони Эгамзод-«Баландахтар» сурат гирифт.

Маҳфилро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни оғоз бахшид.

Сипас дар ҷараёни маҳфил мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Туғрал Шокиров, номзади илмҳои филологӣ Субҳони Аъзмзод, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Фаттоҳзода, публитсист Хуршедаи Содиқ, адабиётшинос Баҳром Мирсаидов, нависанда Саиднабӣ Наҷимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Толик Карими Озарахш, Раиси Шӯрои улмои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба мазмуну муҳтавои китоби тозанашр маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки китоби пурарзиши ҷашномаи илмиву адабӣ ва таҳлиливу публитсистӣ, ки ба ифтихори ҳафтодсолагии адиб ва журналисти шинохтаи тоҷик Додохони Эгамзод таҳти унвони “Баландахтар” нашр шудааст, дар 5 боб: 70 чакомаи меҳр, 70 табрику таҳният, 70 лаҳзаи хотирмони фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодкор, 70 шеъри сабз ва 70 мақолаю мусоҳибаҳоро марбут ба ному пайкори Додохони Эгамзодро ҷамъоварӣ шуда, дар ҷолибии асар нақш гузоштааст.

Воқеан ҳам журналист ва нависандаи сермаҳсул ва шинохта Додохони Эгамзод беш аз 50 сол инҷониб аз хабарнигори одӣ то ба адиби номвару шинохта, баҳри иншикофи матбуот ва адабиёти муосир нақши муассир дорад.

Нависанда ва публитсисти номвар Додохони Эгамзод барои ташкили чунин маҳфили хотирмон ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, ба иштирокдорони маҳфил китоби тозанашри хешро тақдим кард.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд