(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикороти бахши суғдии Иттифоки нависандагони Тоҷикистон ва дастгирии молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад китоби арзишманди илмӣ, публитсистӣ-таърихӣ таҳти унвони: «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» рўйи чоп омад.

Дар китобҳои мазкур аз ҷониби сиёсатмадорон, вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, муҳаққиқон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигарон дар бораи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушду тараққиёти кишвар, нақши иҷлосияи таърихӣ дар сарнавишти миллат, дастовардҳои даврони Истиқлол ва ғайраҳо мақолаву ёддошт ва шеърҳо навишта шудаанд.

Китобҳои мазкур бо сифати баланд дар нашриётҳои “Ношир” ва “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд