(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шахри Хуҷанд оид ба тирпарронӣ байни мардон ва занон баргузор гардид.

Мусобиқа дар толори варзишии "Тир"-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 40 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаëти солим, рушди намуди тирпаррони, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ва пешгирии падидаҳои омилҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд