(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаст баргузор гардид.

Азаматхўҷа Воҳидов, директори МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрўву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар маҷмўъ ин ҳама ба салоҳиятнокиву фидокорӣ, садоқатмандии фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Мақсад аз рўзи ид муайян кардани рўзи 16 ноябр ҳамчун “Рўзи Президент” дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рўзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтани шакли идоракунии Президентӣ ва ба иҷрои вазифаи хеш шурўъ намудани Президенти тозаинтихобгардидаи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи бисёр мураккаб ва сарнавиштсоз бо ибтикори неруҳои солиму дурандеш ҷиҳати наҷоти давлату миллат аз вартаи нестшавӣ аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъват гардид. Дар раванди баргузории ин иҷлосия қарору санадҳои муҳиму сарнавиштсозе қабул гардиданд, ки баъдан дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон нақши таърихан бузург бозиданд. Ҳамин тавр, 19 ноябр тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Роҳи 30 соли тайнамудаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз бори дигар собит менамояд, ки қарори ҳайати Шӯро дуруст ва саривақтӣ буд. Дар муддати 30 соли сарварӣ ин фарзанди фарзонаи миллат тамоми ҳастии хешро ба таҳкими сулҳу субот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва устувории пояҳои истиқлоли давлатӣ бахшиданд. 30 сол шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик ба мисли Эмомалӣ Раҳмон сарвару соҳибе дорад, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз манфиатҳои эшон ҳимоят намуда, давлати моро чун ташаббускор дар ҳалли масоили мубрами глобалӣ муаррифӣ менамояд.

Албатта ҳамаи он дастовардҳое, ки ба мо муяссар гардид, аз заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии халқи азизамон аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Мардуми сарбаланди мамлакат аз ибтидои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, бо меҳнати бунёдкоронаи худ дар пешрафт ва ободиву шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузошта истодаанд, ки дастовардҳои дар болозикргардида гувоҳӣ он мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд