(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии “Афсона” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншоот намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наимҷон Ҳасанов барои 100 нафар тарбиятгирандагон бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардидааст. Бо бунёд шудани бинои иловагӣ 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона,толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудааст. Деворҳои саҳни муассиса бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик оро дода шудаанд. Чароғҳои замонавӣ ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонави ҳусни тоза мебахшанд.

Меҳмонон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ин иқдоми ибратбахши соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ифтитоҳи бинои иловагии кӯдакистон дар остонаи ҷашни 30 солагии Иҷлосияи тақдирсоз басо рамзӣ буда, бояд мураббиён таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои Истиқлол, саҳми арзанда гузоранд. Кӯдакон Ватани хешро боз ҳам бештар дӯст доранду онро дар оянда соҳибӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд