(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altCубҳи имруз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур дар ин мавзеъ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гӯсфанд 55 сомонӣ, гов 50 сомонӣ, пиёз 2, 4 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ, биринҷ 8 сомонию 50 дирам, картошка 2 сомонию 50 дирам, як халта орди 50 килоӣ 290 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 400 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд