(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар ҷаласаи навбатии Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд масоили вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ марвиди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Турсунбой Раҳматов, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Ҳомид Ҳошимзода, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Ш. Азизов, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҳарбии вилояти Суғд, Ғ. Мухиддинов ва Ш. Пардаев, вакилони иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Қобилов, раиси ҷамъияти интернатсионалистон, Ф.Ахмедов, раиси ТҶ «Сипари Сулҳ» ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дастоварди таърихии Иҷлосияи шонздаҳум ин интихоби Раиси Шурои Олӣ аз ҷониби вакилони халқ буд, ки ба ин мақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуданд. Бо интихоби ин сиёсатмадори барҷаставу боҷасорат ва иқдомоти амалгароёнаашон қадамҳои устувор дар самти ҳамдигарфаҳмию ризояти миллӣ гузошта шуда, мунтаҳо сулҳу ваҳдати комил ба даст омад. Маҳз талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба сулҳу ваҳдат даст ёфтем, ба кишвари воҳид табдил шудем. Акнун, имрӯз ба ҳарфи мо дар ҷомеаи ҷаҳон гӯш медиҳанд, ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлатамонро самимонаву гарм истиқбол менамоянд. Чунин нусрату иқболи баланд бояд ҳар як сокини мамлакати биҳиштосоро водор созад, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намоянд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ амал намоянд. Зеро, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, ҳанӯз душманони давлату миллати мо аз нақшаҳои шуму харобкоронаи худ даст набардоштаанд, ки ин аз ҳамагон зиракии баланди сиёсиро тақозо менамояд.

Вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ зикр шуд, ки ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Тоҷикистон дорои неруи пуриқтидори ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд.

Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар дар марҳилаҳои душвори таърих низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки Истиқлол, Сулҳу Ваҳдат ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Мо бояд шукрона аз ин давлату миллат намуда, дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, якпорчагии он, муҳофизати арзишҳои миллӣ, таъмини зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишвар, аз ҷумла хонадони хеш вазифа ва қарзи имонии ҳар як ҷавонмарди бедор аст.

Бо мубодилаи афкор ба кори ҷаласаи Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд