(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуҳиддин Қурбонов ба беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд.

Зимни аёдати захмбардоштагони даргирии охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати зарардидагон тамоми шароити маишӣ ва табобат муҳаё гардида, барои нигоҳубини онҳо табибони варзидаи шаҳру вилоят ҷалб шуда, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин ҳастанд. Бахусус дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, ки чанде қабл мавриди азнавсозӣ қарор гирифта буд, муосиртарин шароит ва таҷҳизот муҳайё карда шудааст.

Аскарону афсарон ва сокинони маҳаллӣ, ки дар натиҷаи амали мусаллаҳонаи ҷониби Қирғизистон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд изҳор доштанд, ки бо ҳар як қатраи хуни худ сарзамини аҷдодиашонро ҳифз менамоянд. Намегузоранд, ки пойи қадами нохалафи ягон душман ба хоки муқаддаси Тоҷикистон расад. Онҳо ифтихор доранд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Воқеан ҳам афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон, махсусан тариқи ҳавопаймоҳаои бесарнишин чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва аҳолии осоишта бахусус кўдакону занон ҷароҳат гирифта буданд, дар муасисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят ба табобат фаро гирифта шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд