(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони масъул мулоқот баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода зимни баромади худ,аз ҷумла зикр намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сатҳи шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз самтҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Дар ин замина якчанд адад қонун ва баномаҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабулкарда шудааст Бо вуҷуди ин ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолкунии ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ба мушоҳида мерасанд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва баррасии масоили муҳими пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва ба ин васила такмил додани қонунгузории соҳа ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои зӯроварии гендерӣ мебошад, ки ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гаштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои гендерӣ ҳамчун нишондиҳандаи мақсаднок дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва афзалиятҳои рушди байнисоҳавӣ дар барномаҳои миёнамӯҳлати рушди кишвар низ муайян карда шудаанд.
Бино ба таҳлили равоншиносон бархе хушунати хонаводагӣ маъмулан паси дарҳои баста ва аз ҷониби одаме сурат мегирад, ки ҳамеша бо қурбонӣ ҳамроҳ асту қурбонӣ аз ӯ вобаста мебошад. Аз нигоҳи равонӣ, аксар вақт ҳам қурбонӣ ва ҳам хушунатгар дар диди худ ин амалро ҳақ мешуморанд. Ҳатто дар ҳолатҳои бисёр шиддат ёфтани хушунати хонаводагӣ махсусияти зикршуда боиси он мегарданд, ки дар ошкор кардани хушунати хонаводагӣ душвориҳои зиёд пеш меоянд, зеро қурбониёни зӯроварӣ, хосса занону духтарон, ки дар ҳолатҳои дигар аксаран барои кумак муроҷиат менамоянд, ё ба мақомоти дахлдор арз мекунанд, дар мавриди хушунати хонаводагӣ ин амалро пинҳон медоранд. Занон барои чунин рафтор сабабҳои зиёде доранд ва он ҳар ҳолат нозукиҳои худро дорад. Ва ниҳоят дар хушунати хонаводагӣ тамоми намудҳои хушунат дар шакли омехта вомехӯранд.

Семинар бо мубодилаи афкори иштирокдорони он анҷом ёфт.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд