(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt«Дар ҳама масъала, хосса масоили ба равобити байни кишварҳо рабтдошта назокатҳои дипломативу ҳамсоядорӣ бар мабнои «хати қирмизӣ» вуҷуд доранд. Вале қирғизҳо «хати қирмизӣ»-ро дағалона ва хеле пеш убур карда буданд»,- чунин ибрози назар намуд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон.

«Қазияи Ворух бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид, ба арзишҳои милливу давлатӣ содиқанду арҷгузоранд ва аз ин лиҳоз касе наметавонад иттиҳоди моро рахна созад»,-таъкид намуд Д. Абдулло.


Ба андешаи мавсуф, муҳим он аст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.


«Хушбахтона, ба шарофати қаламкашони бонангу номус, ки Ватанро на бо сухан ва на ба хотири маснад дӯст медоранду ба арзишҳои милливу давлатӣ садоқати бепоён доранд, дар «набард»-и иттилоотӣ низ комёбем», — иброз дошт ӯ.


«Инкор намекунам, ки ҳама гуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хосса миёни ҳамсояҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунҳои байналмилалӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигарро ба маънои томаш нақз мекунад, андешидани тадбир зарур ва ногузир мебошад», -мегӯяд Далери Абдулло.


«Шояд фаромӯш кардаанд, ки Пешвои миллат «бетарафиро нишонаи марг» гуфта буданд»,-мегӯяд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум».


Ба зикри Далери Абдулло, қазияи Ворух ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Номбурда аз он нигарон аст, ки тибқи «анъана», як идда, ки вокуниш намудан вазифаи ҷониашон аст, бо вуҷуди аз ҳад гузаштани нописандии қирғизҳо то кунун хомӯшанд.