(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вакилони шахри Хучанд ичлосияи навбатии худро гузарониданд.Иҷлосияи 18-уми даъвати чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Кори иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқ , Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда, иттилоъ дод,ки дар кори ҷаласа аз 40 нафар вакилон 35 нафар иштирок доранд. Тибқи муқаррароти пешбиншуда бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 18-ум, даъвати 4-ми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ намуд.
Баъди интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи кории маҷлисро иборат аз 6 масала тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масалаи якум дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 №422 « Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-20015» дар шаҳр муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов баромад намуд. Дар маърӯза зикр гардид,ки айни замн дар шаҳри Хуҷанд 27 корхонаҳои саноатии сабук  фаъолият мебаранд. Агарчанде онҳо нақшаҳои худро ба иҷро расонда бошанд ҳам, танҳо 2 коргоҳ аз иҷрои ӯҳдадории ба зиммаашон гирифта  баромада тавонистанд. Дар асоси таҳлилҳои мавҷуда бо назардошти он,ки имсол коркарди пахта ва пилла дар ҳудуди вилоят ба роҳ монда шуд,  барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ заминаи хуби фаъолият фароҳам омада, зарурати таҳким бахшидан ба иқтидор ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот   ба миён омадааст. Зеро имсол зиёда аз 94 тонна пахта дар коргоҳои номбурда коркард карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ пурсиш ба амал овард ва таъкид намуд,ки дар ҷамбасти сол бояд натиҷаҳои мусбӣ  дигаргун бошанд.Баъди  анҷоми  музокираи вакилони халқ доири маърӯзаи Маҳмадӣ Давлатов  ҳозирин ҳисоботи фаъолияти вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии № 22 Музаффар Атохоновро шуниданд.
Тибқи масалаи сеюми кори иҷлосия вакилон барои даровардани қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи сеюми соли равон якдилона овоз доданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ба самъи ҳозирон лоиҳаи рамзи шаҳрро пешниҳод намуда, бобати фаъолияти кори комиссияи озмуни қабули рамзи шаҳр ва Рӯзи шаҳр маълумот дод. Муаллифи лоиҳа рассоми шинохта Акбар Маҳмудов буда, мувофиқи хулосагирии ҳайати комиссия он манзури вакилон гардид.
Доири лоиҳаи рамзи шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ Мақсуд Зиёбоев ва Муҳаммадҷон Ҳомидов изҳори назар намуда, таклиф намудан,ки баъзе аз қисматҳои рамз ба муккамал намудан ниёз дорад.
Дар ҳамин замина Умеда Муродова таклиф намуд,ки рӯзи қабули рамзи шаҳри Хуҷанд чун Рӯзи шаҳр пазируфта шавад.
Вакилони Мачлиси шаҳрӣ  рамзи  шаҳрро бо назардошти пешниҳоди вакилон қабул намуда, барои санаи 25 сентябр  чун Рӯзи шаҳр муқаррар намудан, овоз доданд.
Ҳамчунин тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд як қатор объектҳои физикию ҷуғорофӣ  номгузорӣ карда шуданд.
Баъди тасдики як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд, ки то иҷлосияи мазкур ба имзо расидаанд, сухан ба муовини Раиси вилояти Суғд Амонулло Хайрулло дода шуд.
Мавсуф доири нақшу мақоми шаҳри Хуҷанд дар рушди соҳаи саноат ва иҷроиши нақшаҳои солона ҳарф зад. Таъкид гардид,ки иҷроиши нақшаи истеҳсолӣ пешрафти соҳаи саноат дар рушди ин соҳа дар вилояти Суғд таъсири бевосита дорад. Бинобар он саноатчиёни шаҳр масъулияти бештар доранд.
Бо вазифагузориҳои масъулин аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд,Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода кори ҷаласаи 18-умин даъвати 4-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом дод.