(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд усулҳои муосири ташхис, табобат, ҷарроҳиҳо бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад дар шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ – фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи як қатор давлатҳои хоричӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.

Субҳи имруз дар ҳамин Марказ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, сардорони раёсат ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва маҷмааи тандурустии “Истиқлол” тариқи видеоконференсия суҳбат карданд.